Апрел 24, 2022 10:36 Asia/Dushanbe
  • Дар соли ҷорӣ барои тавлиди 86 ҳазор тонн алиминюм дар ин ширкат барномарезӣ шудааст
    Дар соли ҷорӣ барои тавлиди 86 ҳазор тонн алиминюм дар ин ширкат барномарезӣ шудааст

Давлати Туркманистон эълом кард дар соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 10 ҳазор тонн алиминюм харидори хоҳад кард

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин тасмим дар нишасти кабинаи вазирони Туркманистон гирифта шуд.

  • Ҳадаф аз ин иқдом истифодаи алиминюм тавлид шуда дар Тоҷикистон барои сохти корхонаҳои фановарии маҳсулот дар Туркманистон эълом шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки мудирияти ширкати алиминюми Тоҷикистон аз коҳиши 30 дарсадии тавлиди маҳсӯли ин корхона дар соли 2021 хабар додааст.

Гуфта мешавад дар соли 2021 дар ин корхона 61 ҳазор  тонн алиминюм тавлид шуда, ки дар муқоиса бо соли 2020 коҳиши 30 дарсадиро нишон медиҳад.

  • Далели коҳиши тавлиди алиминюм дар соли 2021 камбуди маводи хом унвон мешавад, ки ба далели густариши вируси корона аз Чин таъмин нашудааст.

Дар соли ҷорӣ барои тавлиди 86 ҳазор тонн алиминюм дар ин ширкат барномарезӣ шудааст.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп