Пешбинии коҳиши 50 дарсадии даромади коргарони муҳоҷири тоҷик
(last modified Tue, 26 Apr 2022 06:39:24 GMT )
Апрел 26, 2022 11:39 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии коҳиши 50 дарсадии даромади коргарони муҳоҷири тоҷик

Бонки Рушди Осиё коҳиши 50 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикро пешбинӣ кард.

Коршиносони Бонки Рушди Осиё пешбинӣ карданд, дар соли ҷорӣ мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия дар пайи буҳрони Украина 50 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши сомонаи Топтҷ, аз дидгоҳи коршиносон ин мавзӯъ мӯҷиби коҳиши воридоти коло ба Тоҷикистон низ хоҳад шуд.

дар  гузориши Бонки Рушди Осиё таъкид шудааст, ҳатто дар соли оянда мизони воридоти коло ба Тоҷикистон 22 дарсад коҳиш меёбад.

Аз сӯи дигар ба гузориши вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, дар пайи ҷанги Украина дастмузди коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия коҳиш ёфта ва беш аз 60 ҳазорнафар аз онон ба иллати таътилии марокизи саноатӣ ва тиҷории Русия ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Дар 2021 коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия, 1миллиарду 800 миллиондоллар ба Тоҷикистон ирсол карданд.