Таъсири қатъи содироти гази Қазоқистон ба Тоҷикистон
Қазоқистон қасд дорад содироти гази худро қатъ кунад.
Вазорати энергетикаи Қазоқистон аз эҳтимоли афзоиши нархи газ ва қатъи содироти он дар соли 2024 хабар дод, ки барои Тоҷикистн таъсири манфи хоҳад дошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Булот Оқчулоков дар нишаси маҷлиси намояндагони Қазоқистон эълом кард, ки тасмим гирифта шуд, ки нархи гази содироти 60 дарсад афзоиш ёбад ва дар соли 2024 содироти он ба хориҷ қатъ гардад.
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2021 Тоҷикистон аз хориҷ 410 ҳазор тонна газ ворид карда аст, ки 360 ҳазор тоннаи он аз Қазоқистон таъмин шуда аст, ахиран мақомоти Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи воридоти газ аз ин кишвар тавофуқномаи ҳамкори имзо карданд.
Дар соли 2021 нархи як летр гази моеъ байни 3 то 4 сомонӣ буд ва теъдоди зиёди аз ронандагони васиали нақлия аз ин навъ сухти арзон истифода мекарданд, ки акнун болои 6 сомонӣ мебошад.