Дархости вазири тоҷик барои тақвияти сармоягузорӣ дар конҳо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i84842-Дархости_вазири_тоҷик_барои_тақвияти_сармоягузорӣ_дар_конҳо
Вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон хостори афзоиши сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ дар конҳои Тоҷикистон шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Апрел 27, 2022 14:12 Asia/Dushanbe
  • Дархости вазири тоҷик барои тақвияти сармоягузорӣ дар конҳо

Вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон хостори афзоиши сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ дар конҳои Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, Шералӣ Кабир дар ҳамоиши байналмилалии тиҷории саноеъ ва фанновариҳои навин дар Тошканд - пойтахти Узбакистон, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, барои истихроҷи конҳои манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир аз 600 кони шиносоишуда дар Тоҷикистон фақат маводи маъдании 100 кон истихроҷ мешавад.

Шералӣ Кабир афзуд, аз маводи хоми ин конҳо дар бахшҳои саноатӣ, кимиёӣ ва сохтмонсозӣ истифода мешавад.