Тавофуқи Тоҷикистон ва Узбакистон барои тавсеаи тиҷорати дуҷониба
(last modified Wed, 27 Apr 2022 12:50:10 GMT )
Апрел 27, 2022 17:50 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистон ва Узбакистон барои тавсеаи тиҷорати дуҷониба
    Тавофуқи Тоҷикистон ва Узбакистон барои тавсеаи тиҷорати дуҷониба

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва  муъовини вазири сармоягузори ва тиҷорати хориҷии Узбакистон дар бораи роҳҳои густариши тиҷорати дуҷониба тавофуқ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Шерали Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Сардор Умурзоқов, муъовини вазири сармоягузори ва тиҷорати Узбакистон бо якдигар дар шаҳри Тошканд дидор карданд.

Тарафайн дар ин дидори муштарак вазъияти кунунии ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои сармоягузори, саноат, тиҷорат ва ҳамлу нақлро барраси ва дар мавриди иҷрои тарҳҳои ҳамкории саноъати ва буҳбуди шаройт барои тавсеаи тиҷорати мутақобил ва осонсозии дастраси ба маҳсулоти тавлидии тарафайн дар бозорҳои дохилии ду кишвар тавофуқ карданд.

Шарали Кабир ва Сардор Умурзоқов дар ин дидор ҳамчунин ҷиҳатгирии ҷадид барои густариши мушорикати иқтисодии мутақобили судмандро тадвин карданд.