Апрел 27, 2022 21:17 Asia/Dushanbe
  • Барномаи чорсолаи тавлиди мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон
    Барномаи чорсолаи тавлиди мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон

Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон аз тадвини барномаи 4 солаи тавлиди мошинҳои бақри дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Азим Иброҳим гуфта аст, ки ҳадаф аз ин иқдом кумак ба ҳифзи муҳити зист, истифода аз барқи арзон ва коҳиши олояндаҳо мебошад.

Вай такид кард, ки ҳамзамон бо сохти корхонаи тавлиди мошинҳои барқӣ заминаи шоржи ин таҷҳизот ва таъмири онҳо низ фароҳам хоҳад шуд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонуни фаъолияти гумрукии ин кишварро ислоҳ кард, ки бар асоси он барои воридкунандагони мошинҳои барқӣ маъофияти 10 сола аз пардохти молиёт, молиёт бар арзиши афзуда ва молиёти иҷтимоъӣ аъто мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе теъдоди таксиҳи барқии воридотӣ аз Чин мусофир ҷо ба ҷо мекунанд.

 

Барчасп