Парлумони Тоҷикистон қонуни таҳқиқ ва назорат аз бахши хусусиро тасвиб кард
Парлумони Тоҷикистон дар нишасти қонуни мамнуъияти таҳқиқ ва назорат аз бахши хусусии ин кишварро то поёни соли 2022 тасвиб кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармон тайид карда буд, ки аз 16 марти соли ҷорӣ то аввали моҳи январи соли 2023 ҳаргуна таҳқиқ ва назорат аз фаъолияти бахши хусусии Тоҷикистон мамнуъ мебошад.
Саъди Қодирзода, раиси кумитаи давлатии мудирияти амволи давлатӣ ва сармоягузоии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар ҳангоми ироаи тарҳи ин қонун ҳадаф аз ин иқдомро ҳимоят аз тавлидкунандагон, иштиғолзоӣ, афзоиши тавони бахши саноъат, ҷазби сармояи хориҷӣ ва афзоиши содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ унвон кард.
Бар асоси ин фармон кумитаи давлатии мудирияти амволи давлати ва сармоягузории Тоҷикистон вазифадор шуда аст, ки тарзи иҷрои ин дастурро назорат ва ба мақомоти кишвар гузориш диҳад.