Апрел 29, 2022 19:05 Asia/Dushanbe
  • Рушди 4.5 баробарии мубодилоти тиҷории Теҳрон - Душанбе

Мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 4.5 баробар рушд доштааст.

Тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон, ки дорои пайвандҳои забонӣ, фарҳангӣ ва динӣ аст, пас аз 7 сол раванди нузулӣ, барои дуюмин соли паёпай рӯ ба беҳбуд ниҳодааст.

Бар асоси додаҳои Агентии омори Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли ҷории мелодӣ ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар ҳудуди 67 миллион доллар буда, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузаштаи мелодӣ 4.5 баробар бештар аст.

Воридоти маҳсулоти эронӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон дар моҳҳои январ – марти соли ҷории мелодӣ тақрибан мусовӣ буда ва ба тартиб 33. 5 миллион доллар ва 33. 4 миллион долларро ташкил додааст.

Раванди бозсозии мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Эрон аз соли гузашта оғоз шуда ва ба беш аз 120 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли 2020 мелодӣ 2. 1 баробар бештар аст.

Ба навиштаи ин рӯзнома, пеш аз ин тайи 7 сол мубодилаи коло байни Тоҷикистон ва Эрон беш аз 5 баробар коҳиш ёфта ва аз 300 миллион доллар дар соли 2013 ба 58 миллион доллар дар соли 2020 расида буд.

 

Барчасп