Баҳрабардорӣ аз мароҳили 3 ва 4-и Муҷтамаи бофандагии ноҳияи Данғара
(last modified Sat, 30 Apr 2022 06:43:07 GMT )
Апрел 30, 2022 11:43 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз мароҳили 3 ва 4-и Муҷтамаи бофандагии ноҳияи Данғара

Раисиҷумҳури Тоҷикистон мароҳили 3 ва 4-и Муҷтамаи бофандагии ноҳияи Данғараро ифттитоҳ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, ки барои ифтитоҳи чандин тарҳи иқтисодӣ ва умронӣ ба ноҳияи Данғара сафар кардааст, дар маросими баҳрабардорӣ аз мароҳили 3 ва 4 Муҷтамаи бофандагии ин минтақа, ки бо мушорикати ширкатҳои чинӣ сохта шуда, ҳузур ёфт.

Бо ифтитоҳи ин корхона заминаи иштиғоли 1 ҳазору 250 нафар фароҳам шуд ва дар оянда теъдоди коргарон ба 2 ҳазор нафар хоҳад расид.

Коргоҳи ресандагии ин муҷтама метавонад дар сол 7 ҳазор тон нахи панбаро ба бахши дӯзандагӣ таҳвил диҳад.

Гуфта мешавад, ки дар коргоҳи дӯзандагии ин муҷтамаъ заминаи дӯхти 1 миллион либос дар сол фароҳам шуда, ки ба кишварҳои Беларус, Покистон, Чин, Туркия, Русия ва Лаҳистон содир хоҳад шуд.