Баҳрабардорӣ аз мароҳили 3 ва 4-и Муҷтамаи бофандагии ноҳияи Данғара
Раисиҷумҳури Тоҷикистон мароҳили 3 ва 4-и Муҷтамаи бофандагии ноҳияи Данғараро ифттитоҳ кард.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, ки барои ифтитоҳи чандин тарҳи иқтисодӣ ва умронӣ ба ноҳияи Данғара сафар кардааст, дар маросими баҳрабардорӣ аз мароҳили 3 ва 4 Муҷтамаи бофандагии ин минтақа, ки бо мушорикати ширкатҳои чинӣ сохта шуда, ҳузур ёфт.
Бо ифтитоҳи ин корхона заминаи иштиғоли 1 ҳазору 250 нафар фароҳам шуд ва дар оянда теъдоди коргарон ба 2 ҳазор нафар хоҳад расид.
Коргоҳи ресандагии ин муҷтама метавонад дар сол 7 ҳазор тон нахи панбаро ба бахши дӯзандагӣ таҳвил диҳад.
Гуфта мешавад, ки дар коргоҳи дӯзандагии ин муҷтамаъ заминаи дӯхти 1 миллион либос дар сол фароҳам шуда, ки ба кишварҳои Беларус, Покистон, Чин, Туркия, Русия ва Лаҳистон содир хоҳад шуд.