Мулоқоти раиси ноҳияи Исфара бо 15 хонаводаи қурбониёни даргирии марзӣ бо Қирғизистон
(last modified Sun, 01 May 2022 05:49:36 GMT )
Май 01, 2022 10:49 Asia/Dushanbe
  • Вай ба ин хонаводаҳо кумаки молӣ, маводи ғизоӣ ва ба фарзандони онон ҳадия дод
    Вай ба ин хонаводаҳо кумаки молӣ, маводи ғизоӣ ва ба фарзандони онон ҳадия дод

Раиси ноҳияи Исфара бо 15 хонаводаи қурбониёни низоъи марзӣ бо Қирғизистон дидор кард.

Ба гузориши Садои Хуросон , ба нақл аз сомонаи Суғд Нюз, Баҳоуддин Баҳодурзода дар дидор бо хонаводаҳои қурбониён таъкид кард давлати Тоҷикистон ба онон таваҷҷӯҳи вижае дорад ва ба фарзандони қурбониёни даргирии марзии соли гузашта бо Қирғизистон кумак хоҳад кард.

Вай ба ин хонаводаҳо кумаки молӣ, маводи ғизоӣ ва ба фарзандони онон ҳадия дод.

Дар даргирии марзӣ миёни низомиёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар авохири апрелии соли 2021, ки дар ноҳтия марзии Исфара ва Ботканд рӯх уфтод, 19 табаи тоҷик кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Тарафи Қирғизистон теъдоди кушта шудагонро 36 нафар  захмӣ ҳоро 200 тан эълом кард.