Май 05, 2022 17:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури куштигиринои тоҷик дар мусобиқоти байналмиллалии Қазоқистон
    Ҳузури куштигиринои тоҷик дар мусобиқоти байналмиллалии Қазоқистон

Куштигирони тоҷикд дар мусобиқоти байналмиллалии Қазоқистон ширкат карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мусобиқоти байналмиллалии кушти фарангии Қазоқистон дар радаи синнии зери 20 сол 3 май дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон оғоз шуд.

Дар ин рақобатҳо панҷ куштигири тоҷик ширкат карданд.

Ҳамчунин 300 варзишкор аз манотиқи мухталифи Қазоқистон ва варзишкоронӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Эрон дар ин мусобиқот ҳузур доранд.

 

Барчасп