Май 05, 2022 19:27 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши наздик ба 6 дарсадии тавлиди симент дар Тоҷикистон
    Коҳиши наздик ба 6 дарсадии тавлиди симент дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз коҳиши наздик ба 6 дарсадии тавлиди симент дар ин кишвар дар 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, дар ин муддат дар Тоҷикистон 971 ҳазору 40 тонна симент тавлид шуда аст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши наздик ба 6 дарсадиро нишон медиҳад.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси барномаи давлат тавлиди симент дар Тоҷикистон дар соли 2024 ба 7 миллион тонна дар сол расонда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 16 корхонаи симент фаъолият мекунад, ки бо мушорикати фанни ва молии ширкатҳои чинӣ сохта шуд ва аз зарфияти тавлиди солона наздик ба 4 миллион тонна маҳсул бархурдор аст.

Дар соли 2021 Тоҷикистон 4 миллиону 200 тонна симент тавлид кард, ки 1 миллиону 300 ҳазор тоннаи он ба Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон содир шуд.

 

Барчасп