Май 06, 2022 16:55 Asia/Dushanbe
  • Замони ифтитоҳи мактабҳои русизабон дар Тоҷикистон эълом шуд

Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, ки 5 мактаби русизабон, ки бо сармоягузории ин кишвар дар Тоҷикистон дар дасти сохт мебошад, аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ ифтитоҳ мешавад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Сергей Лавров дар мусоҳиба бо нашрияи “Российская газета”, ба муносибати 30 -юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ки ин 5 мактаб ҳамзамон бо оғози соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ки ҳамасола наздик ба 160 ҳазор нафар аз довталабон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди донишгоҳҳои Русия мешаванд, ки 60 ҳазор нафари онон аз ҳисоби буҷети ҳукумат бурсия ҳастанд.

Ҳукумати Русия барои сохти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон 30 миллион доллар ихтисос дод.

Ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода дар ҳоли сохт мебошанд, ки аввали моҳи сентябри имсол - оғози соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳанд шуд.

Маоши моҳонаи муаллимон дар мактабҳои русизабон дар Тоҷикистон 70 ҳазор рубли русӣ муқаррар шудааст, ки шохиси матлубе ба ҳисоб меояд. Ин муаллимон бояд дар 5 мактаби русизабон дар Тоҷикистон, ҳар як ба зарфияти ҳазору 200 донишомӯз фаъолият кунанд.

Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, ки 5 мактаби русизабон, ки бо сармоягузории ин кишвар дар Тоҷикистон дар дасти сохт мебошад, аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

 

Барчасп