Май 07, 2022 09:41 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили эътимодномаи сафири ҷадиди Қирғизистон ба вазири хориҷаи Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон эътимодномаи сафири ҷадиди Қирғизистон дар Душанберо таҳвил гирифт.

Ба гузориши сомонаи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, 6 майи соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаевро қабул намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Абдилдаевро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

Гуфта мешавад, ки сафири ҷадиди Қирғизистон дар Тоҷикистон қаблан дар сафоратиҳои Русия ва Қирғизистон дар Чин ва аз соли 2012 то 2018 дар симати вазири умури хориҷаи Қирғизистон фаъолият кардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин дар ин дидор барои Абдилдаев дар симати сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон орзӯи муваффақият кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп