Май 12, 2022 10:20 Asia/Dushanbe
  • Сироҷиддини Муҳриддин бо Ормидо Солсиё дар мавриди роҳои тақвияти ҳамкориҳои ду ҷониба табодули назар шуд
    Сироҷиддини Муҳриддин бо Ормидо Солсиё дар мавриди роҳои тақвияти ҳамкориҳои ду ҷониба табодули назар шуд

Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо дабири иҷроии камисиюни иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Миллали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнусия, маҷозӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, дар дидори маҷозӣ Сироҷиддини Муҳриддин бо Ормидо Солсиё дар мавриди роҳои тақвияти ҳамкориҳои ду ҷониба табодули назар шуд.

  • Тарафайн ҳамчунин дар бораи ҷузъиёти ҳафтоду ҳаштумин нишасти UNESCAP(23-27-уми майи 2022, Банкок) ва дуввумин конфронси Душанбе дар мавриди иҷрои байналмиллалии тарҳи иқдом "Об барои тавсиаи пойдор , 2018-2028"(6 то 9 июни 2022) гуфтугӯ карданд.

Дувумин конфронси байналмиллалии даҳҳаи байналмиллалии " Об барои тавсиаи пойдор, 2018-2028" 6то 9-уми июни соли 2022 бо номи" ташвиқ ба иқдом ва мушорикат дар бахши об дар сутуҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ" дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп