Май 15, 2022 12:37 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 29 дарсадии мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 29 дарсад афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс,бар асоси омори идораи гумруки Тоҷикистон арзиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз оғози соли 2022 ба ҳудуди 1.9 миллиард доллар расид .
Ҳамчунин арзиши колоҳои содиротии Тоҷикистон дар семоҳаи нахусти соли ҷорӣ 660.3 миллион доллар буд, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 11 дарсад афзоиш доштааст . Дар ин муддат Тоҷикистон фулуззоту сангҳои қиматбаҳо ( 272.8 миллион доллар ), санги маъдан(руда) ( 159. 5 миллион доллар ), пахта ( 94 миллион доллар ) ва алюминий ( 46.7 миллион доллар ) содир кард .
Арзиши колоҳои воридотӣ ба Тоҷикистон низ дар се моҳи нахусти имсол 1.2 миллиард доллар буд . Тоҷикистон дар ин муддат миқдори зиёде сӯзишворӣ ( 259 миллион доллар ), васоили нақлия ( 91 миллион доллар ), фулуззоти оҳанӣ ( 90.5 миллион доллар ), реакторҳову қисмҳои эҳтиётӣ ( 87 миллион доллар ), гандум ( 70.5 миллион доллар ), мошинолоту таҷҳизоти электрикӣ ворид мекунад.Ҳамчунин дору ( 50 миллион доллар ) ,чуб ( 47 миллион доллар ) ва равғани наботӣ ( 42 миллион доллар ) ворид кардааст .
Се шарики тиҷории бартари Тоҷикистон ба тартиб Русия ( 364.9 миллион доллар ), Қазоқистон ( 353.9 миллион доллар ) ва Узбекистон ( 163 миллион доллар ) ҳастанд.

 

Барчасп