Шоири эронӣ меҳмони рунамоӣ аз 4 китоби шоирони Тоҷикистон шуд
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе имрӯз шоҳиди маросими рунамоӣ аз чор унвон китоби шоирони барҷастаи Тоҷикистон буд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва адабии байни ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Эрон ва Тоҷикистон ҳамзамон бо рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти рӯзи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар маросиме, ки имрӯз дар салони Саъдӣ сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд аз чор унвон китоби шеъри шоирони барҷастаи тоҷикистонӣ Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Фарзонаи Хуҷандӣ ва Рустами Аҷамӣ рунамоӣ шуд.
Дар ин ойине, ки ҳамзамон бо бузургдошти рӯзи Фирдавсӣ ва бо ҳузури Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон, Низом Қосим, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, Алиризо Бегдил, муъовини вазири умури хориҷаи Эрон ва ҷамъи зиёди аз шоирон, адибон ва фарехтагони Тоҷикистон аз ҷумла прафесор Мирзо Мулоаҳмад, Аскар Ҳаким, Бону Гулрухсор, Рустами Ваҳобниё, Доро Наҷот, Ортиқ Қодир ва Бури Карим баргузор шуд, сафири Эрон бо тақдир аз ҳузури густардаи ҳозирон дар ин маросим, ки ҳамзамон бо ҳамоиши илмӣ ва адабии рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ ба унвони шукуҳи сунхани Порсӣ ҳамроҳ буд аз эҳтимоми Алиризо Қазва, мудиромили муассисаи шоирони порсизабон дар интишори китоби шоирони барҷастаи тоҷик қадрдонӣ кард.
Дар ин маросим Алиризо Қазва ҳадаф аз ин иқдомро такрими шоирон ва адибони муъосирии ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон эълом ва изҳори умедвори карт то поёни сол 6 унвони дигар аз маҷмуъа ашъори шоирони тоҷик мунташир шавад.