Май 17, 2022 09:12 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани се нерӯи полис дар эътирозоти Хоруғ

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз захмӣ шудани се нерӯи полис ва фавти як муътариз дар пайи эътирозоти рӯзи душанбеи 16 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Авесто, гурӯҳе аз муътаризон дар шаҳри Хоруғ даст ба эътирозот заданд, ки мӯҷиби даргирӣ бо нерӯҳои полис шудааст.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки муътаризон алайҳи нерӯҳои полис аз норинҷаки дастӣ истифода карданд, ки мӯҷиби захмӣ шудани се полис шудааст. Полис низ барои пароканда кардани ин афрод аз гази ашковар истифода кард, ки дар пайи ин даргирӣ яке аз муътаризон захмӣ ва дар бемористон фавт кардааст.

Ҳамчунин теъдоде аз муътаризон боздошт шудаанд.

Муътаризон аз мақомоти вилояти Бадахшон хоста буданд, ки боздоштшудагони эътирозоти моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ озод ва муқасирони қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа муҷозот шаванд.

 

Барчасп