Май 22, 2022 11:28 Asia/Dushanbe

Меҳмон Бахтӣ, шоиру нависандаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даргузашт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Меҳмон Бахтӣ, шоир, намойишноманавис ва раиси собиқи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, ки осораш мавриди таҳсину интиқод қарор гирифтааст, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Ӯ 19 май дар 81 солагӣ бар асари сактаи қалбӣ даргузашт.
Холназар Муҳаббатов-бародари шоир, Абдулҳамид Самадов-адиб ва Абдулғаффори Абдулҷаббор-намоишноманавис дар бораи Меҳмон Бахтӣ гуфтанд:

 

Барчасп