Июл 27, 2016 09:32 Asia/Dushanbe
  • Инсирофи Душанбе аз фурӯши барқ ба Қирғизистон

Вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон бо ишора ба дархости мақомоти Қирғизистон барои хариди барқ дар фасли тобистон гуфт: "Ҳамакнун чунин имконе барои Тоҷикистон фароҳам нест, зеро корхонаҳои ҷадиди санъатӣ дар устони Суғд фаъол шудаанд, ки ба барқ ниёз доранд".

Вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон аз инсирофи ин кишвар аз фурӯши барқ ба Қирғизистон хабар дод.

Ба гузориши "Авесто", Усмоналӣ Усмонзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе бо ишора ба дархости мақомоти Қирғизистон барои хариди 2,5 миллиард киловат соат барқ дар фасли тобистон гуфт: "Ҳамакнун чунин имконе барои Тоҷикистон фароҳам нест".

Усмонзода афзуд: "Корхонаҳои ҷадиди санъатӣ дар устони Суғд фаъол шудаанд, ки ба барқ ниёз доранд ва Тоҷикистон наметавонад дархости Қирғизистонро барои содироти барқ ба ин кишвар иҷро кунад".

Вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон дар айни ҳол гуфт, ки Қирғизистон қасд дошт бобати ҳар киловат соат барқи воридотӣ аз Тоҷикистон 2,5 сент пардохт кунад.

Бо ин ҳол як коршиноси умури барқ дар Тоҷикистон, ки хост номаш фош нашавад, далели аслии худдории ин кишвар аз фурӯши барқ ба Қирғизистонро пойин будани қимати пешниҳодии мақомоти Бишкек унвон кард.

Ин коршиноси тоҷикистонӣ ёдовар шуд, ки мақомоти тоҷик пеш аз ин эълом кардаанд, ки қимати севуним сентро мепазиранд ва камтар аз ин барои ҷумҳурии Тоҷикистон басарфа нахоҳад буд.

Ҳамакнун Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон барқ содир мекунад.

Ба гуфтаи вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол беш аз 638 миллион киловат соат барқ ба Афғонистон содир шуда, ки 11 дарсад аз давраи мушобеҳи соли қабл бештар аст.

Барчасп