Эҷоди фурсати шуғлӣ барои 21 ҳазор нафар дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i86214-Эҷоди_фурсати_шуғлӣ_барои_21_ҳазор_нафар_дар_Тоҷикистон
Мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз иштиғоли 21 ҳазор нафар тайи семоҳаи нахусти соли ҷорӣ хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 23, 2022 07:43 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди фурсати шуғлӣ барои 21 ҳазор нафар дар Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз иштиғоли 21 ҳазор нафар тайи семоҳаи нахусти соли ҷорӣ хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Тоҳир Каримзода, мудири идораи иштиғолзоии ин вазорат гуфт, ин мизон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2021-ум 7 дарсад бештар аст.

Вай афзуд, ин дар ҳоле аст, ки дар соли гузашта 141 ҳазор нафар барои ёфтани шуғл ба идороти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон муроҷиа карда буданд, ки 58 ҳазору 900 нафар аз онон ҳамчунон бекор мондаанд ва барои ҳимояти молӣ ба созмони таъмини иҷтимоӣ муаррифӣ шуданд.

Ширин Амонзода, вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки дар соли 2021 дар кишвар 2 миллиону 400 ҳазор нафар дар бахши иқтисод машғули кор буданд.