Май 15, 2024 13:06 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти кор дар Британияи Кабир
    Мушкилоти кор дар Британияи Кабир

Хадамоти муҳоҷират даъват кардааст, ки танҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар хусуси кор дар хориҷи кишвар муроҷиат карда шавад.

Ба гузориши “Азия плюс”, ширкати “Даври Истиқлол”, ки ба фиристодани шаҳрвандон ба кори мавсимӣ ба Британияи Кабир машғул буд, барои фаъолияти корӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома надошт.

Чанде пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи боздошти роҳбари ширкати “Даври Истиқлол” Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ки бо роҳи фиреб ва ваъдаи бо кор таъмин кардан дар Британияи Кабир аз даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтааст. Ин парванда ҳудуди 150 нафар ҷабрдидаро шомил мешавад, ки ҳар кадом 18 ҳазор сомонӣ ба ширкати мазкур маблағ пардохт кардаанд.

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки ба ин ширкат додани иҷозатнома барои фаъолият барои фиристодани муҳоҷирон ба кор ба хориҷи кишвар рад шудааст.

Хадамоти муҳоҷират сабти хоҳишмандон ҷиҳати сафарбарии муташаккилона барои кор ба Русия ва Британияи Кабир бар асоси созишнома бо корфармоёни ин кишварҳоро идома медиҳад.

Хадамоти муҳоҷират аз хоҳишмандон даъват кардааст, ки ки барои ҷустуҷӯи кор дар хориҷи кишвар ба мақоми ваколатдори ин ниҳод муроҷиа кунанд ва аз пешниҳоди ширкатҳои ношинос ва бидуни муҷаввиз барои сабти ном парҳез кунанд.

 

 

Барчасп