Коршиноси масоили муҳоҷирати тоҷикон : Зарари 80 миллиарддолларии хурӯҷи мутахассисони тоҷик ба иқтисоди Тоҷикистон
(last modified 2023-06-08T12:24:36+00:00 )
Июн 08, 2023 17:24 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси масоили муҳоҷирати тоҷикон : Зарари 80 миллиарддолларии хурӯҷи мутахассисони тоҷик ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси собиқи идораи муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт : Хурӯҷи мутахассисон ҳудуди 80 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон осеб ворид кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, Анвар Бобоев-раиси собиқи идораи муҳоҷирати Тоҷикистон ва коршиноси масоили муҳоҷират гуфт : Хурӯҷи мутахассисон аз Тоҷикистон ҳудуди 80 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон осеб ворид кардааст.
Вай илова бар дастмуздҳои бисёр поин, далоили аслии « фирори мағзҳо »-ро бекорӣ ва нотавонӣ дар ёфтани кори муносиб ё шуғли тавлидотӣ, ҳаҷми болои кор ва бархӯрди номуносиби корфармоён ва мудирон донист.
Раиси собиқи идораи муҳоҷирати Тоҷикистон изҳор кард : Дар натиҷаи хурӯҷи кормандону мутахассисон аз бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар имрӯз мушкили камбӯди мутахассисони моҳиру муҷарраб дар бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар ба вуҷуд омадааст.
Вай дар идома баён кард : Дар бисёре аз мактабҳои кишвар теъдоди донишомӯзон дар як синф ба таври мутавассит ​40-​50 нафар аст, дар ҳоле ки стандарти муассисоти омӯзиши умумӣ 25 нафар аст .
Бобоев гуфт : Бисёре аз мушкилоти дигар монанди ин вуҷуд дорад; бо чунин шароите оё метавонем сифати омӯзиши кӯдаконро беҳбуд  бахшем ва бештари онҳоро корманди таҳсилкардаи байналмиллалӣ тарбият кунем?
Коршиноси масоили муҳоҷирати Тоҷикистон изҳор кард : Дар канори омӯзиш дар бахши беҳдошт низ мушкилоте вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо ​​дастмузди нокофии пизишкон аст, ки камтарини мизон дар миёни кишварҳои Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравии собиқ аст .
Ӯ афзуд : Бар асоси додаҳои оморӣ аз соли 1991 то 2010, 266000 мутахассис дар риштаҳои мухталиф ба вижаи беҳдошт ва дармону омӯзиш ба хориҷ аз кишвар муҳоҷират карданд.
 

 

Барчасп