Русия хостори ҳимояти Тоҷикистон аз тарҳҳои энергетикаи Маскав дар Осиёи Марказӣ шуд
Вазири энергетикаи Русия аз мақомоти Тоҷикистон дархост кард, ки аз узвияти комили Маскав дар шӯрои ҳамоҳангии шабакаи барқи воҳиди Осиёи Марказӣ ҳимоят кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Николай Шулгин дар Душанбе дар дидор бо Усмонали Усмонзода, муъовини нахуствазир ва Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон дархост кард, ки аз узвияти комили Русия дар шӯрои ҳамоҳангии шабакаи барқии воҳиди Осиёи Марказӣ ҳимоят кунанд.
Дар ин дидор роҷеъ ба мавзуъи ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар бахши энергетика баҳсу табодули назар шуд.
Ҳамчунин фаъолияти неругоҳи бақи обии Сангтудаи 1 тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон, мушорикати ширкатҳои русӣ дар бозсозии таҷҳизоти неругоҳи Норак ва таъмини амнияти фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ мавриди барраси қарор гирифт.