Иҷрои 94 дарсадии барномаи ҷазби ҷавонон ба артиши Тоҷикистон
(last modified Tue, 24 May 2022 05:23:16 GMT )
Май 24, 2022 10:23 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои 94 дарсадии барномаи ҷазби ҷавонон ба артиши Тоҷикистон

Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 94 дарсадии барномаи ҷазби ҷавонон ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар то рӯзи 23 майи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Фариддун Маҳмадализода гуфтааст, ки шаҳри Душанбе ва вилояти Бадахшон барномаи эъзоми ҷавонон ба хизмати ҳарбиро ба таври комил иҷро кардаанд.

Вай таъкид кард, ки барномаи фарохони сарбозӣ дар манотиқи марказии Тоҷикистон ҳудӯди 93 дарсад, вилояти Суғд 90 дарсад ва вилояти Хатлон 94 дарсад иҷро шудааст.

Аз сӯи дигар дар Тоҷикистон қонӯни бозхариди хизмати сарбозӣ низ иҷроӣ шудааст.

Аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ ҷазби ҷавонон барои хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз шуд, ки акнӯн бар асоси қонӯни ҷадид, довталабон метавонанд бо пардохти маблағи 26 ҳазору 880 сомонӣ корти муъофият дарёфт кунанд.

Ин афрод бо воризи намудани ин маблағ ба шумораи ҳисоби Вазорати дифои Тоҷикистон пас аз омӯзишҳои як моҳаи низомӣ ба унвони сарбозони захираи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар корти хариди хизмати сарбозӣ дарёфт мекунанд.

Афроди маоф аз хидмат наметавонанд дар оянда дар ниҳодҳои интизомӣ, дифоӣ ва додгустурӣ истихдом шаванд.