Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли СҲШ
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Чжан Мин, дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе дидору гуфтугу кард.
Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин дидор вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои СҲШ ва рафти иҷрои нақшаҳои дар ин ҷода пешбинишуда дар доираи созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари СҲШ давоми 20 сол, ҳамкории кишварҳои аъзо, натиҷаҳои ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои аъзои созмон дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ карда, ба Чжан Мин дар фаъолияти хизматиаш барору комёбӣ орзу намуд.
Ҷонибҳо оид ба татбиқи амалии стратегияи рушди СҲШ то соли 2025, декларатсияи Душанбегии 20-солагӣ ва Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ табодули андеша карданд.
Ба нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷаи амалӣ оид ба рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, молиявӣ ва озуқавории пандемия дар минтақаи СҲШ, машварати вазирони саноат ва машварати вазирони энергетика, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон оид ба таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамкории муштарак дар муқовимат ба терроризм, экстремизм, таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин ташаббуси Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин дидор роҷеъ ба раванди таҳаввулот дар Афғонистон низ баҳсу табодули назар шуд.