Тавсеаи муносиботи гардишгарии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
(last modified Sat, 28 May 2022 05:34:18 GMT )
Май 28, 2022 10:34 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи муносиботи гардишгарии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ дар заминаи гардишгариро тавсеа медиҳанд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар мулоқоти Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ноиф Ал—Роҷиҳӣ, раиси Кумитаи миллии гардишгарии Арабистони Саудӣ ва Аҳмад Оли Ҳасна, муовини вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ дар Риёз роҳҳои тақвияти муносиботи гардишгарӣ, баррасӣ шуд.

Дар ин мулоқот Ҳабибуллоҳ Амирбекзода дар мавриди зарфиятҳои гардишгарии Тоҷикистон гузориш дод.

Вай хотирнишон кард, давлати Тоҷикистон барои ҷазби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ мушаввиқҳои зиёде дарназар гирифтааст.