Давандаи австралияӣ ба шаҳри Хоруғ расид
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i86502-Давандаи_австралияӣ_ба_шаҳри_Хоруғ_расид
Мино Гулӣ-шаҳрванди Австралия, ки дар риштаи варзишҳои сабуки занон фаъолият мекунад, ба шаҳри Хоруғ-маркази вилояти Бадахшон расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 29, 2022 12:34 Asia/Dushanbe
  • Давандаи австралияӣ ба шаҳри Хоруғ расид

Мино Гулӣ-шаҳрванди Австралия, ки дар риштаи варзишҳои сабуки занон фаъолият мекунад, ба шаҳри Хоруғ-маркази вилояти Бадахшон расид.

Ин даванда барои ширкат дар ҳамоиши байналмилалии 10 солаи нақши оби дар рушди пойдор дар ҷаҳон ба Тоҷикистон омадааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, вай бо паймудани 420 километр қасд дорад дар ин ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ширкат кунад .
Масири давидани ин варзишкори зани Австралия аз водии Зарафшон дар шамоли Тоҷикистон оғоз шуд ва қарор аст аз кули Сарез,пиряхи Фидченко дар Бадахшон боздид кунад.
Боздид аз ниругоҳҳои обӣ-барқии Норак ва Роғун ва маконҳои гардишгарии Тоҷикистон аз дигар барномаҳои давандаи Австралия аст.
Мино Гулӣ мегуяд дар ҳамоиши байналмилалии 10 солаи нақши об дар рушди пойдор дар ҷаҳон  ки 8 то 10 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.