Июн 01, 2022 16:57 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон
    Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Тумос Весто, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар шаҳри Душанбе дидор кард.

Дар ин мулоқот вазъияти Афғонистон мубориза бо терроризми байналмиллалӣ ва ифротигароӣ ва ҳамчунин дигар мавзуъоти мавриди алоқаи ду тафар барраси шуданд.

Тарафайн ҳамчунин бар зарурияти тавсеаи ҳамкори дар заминаи тақвияти марзҳо ва ироаи кумакҳои башардустона ба мардуми Афғонистон таъкид карданд.

 

Барчасп