Аз саргирии парвозҳои мустақими Тоҷикистон ва Чин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i86658
Тоҷикистон ва Чин пас аз ду сол парвозҳои мустақими худро аз сар хоҳанд гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 02, 2022 09:15 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси тавофуқи тарафайн қарор аст ҳар ду ҳафта як парвоз анҷом шавад
    Бар асоси тавофуқи тарафайн қарор аст ҳар ду ҳафта як парвоз анҷом шавад

Тоҷикистон ва Чин пас аз ду сол парвозҳои мустақими худро аз сар хоҳанд гирифт.

Ба гузориши Садои Хуросон, мақомоти ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Чин тавофуқ карданд, ки парвозҳои мустақим байни дукишварро баъд аз ду сол тавофуқ аз даҳҳаи саввуми июн аз сар бигиранд.

Бар асоси тавофуқи тарафайн қарор аст ҳар ду ҳафта як парвоз анҷом шавад.

Аз 24-уми июн ширкати ҳавопаймоии Чин мавсум ба "China Southern Airlines" дар масири Урумчи-Душанбе-Урумчи парвозҳоро аз сар мегиранд.

Ширкати ҳавопаймои Тоҷикистон мавсум ба "Сомон Эйр" низ  дар оянда парвозҳои ин масирро оғоз мекунад.