Нишасти эътилофи раҳбарони об ва иқлим дар шаҳри Душанбе
(last modified Sun, 05 Jun 2022 12:34:48 GMT )
Июн 05, 2022 17:34 Asia/Dushanbe
  • Нишасти эътилофи раҳбарони об ва иқлим дар шаҳри Душанбе
    Нишасти эътилофи раҳбарони об ва иқлим дар шаҳри Душанбе

Севвумин нишасти эътилофи раҳбарони об ва иқлим бо ҳузури намояндагони кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмиллалӣ дар шарҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ибтидои ин нишаст Петтери Таалас, дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ дар хусуси вазъияти феълии ҷаҳон дар робита ба тағироти иқлимӣ ва масоили марбут ба кабуди об ва паёмадҳои он иттило дод ва сипас Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикисон суханронӣ кард.

Раиси Ҷумҳруии Тоҷикистон баргузории ин нишаст дар остонаи дувумин ҳамоиши байналмиллалӣ сатҳи олии "Об барои тавсеаи пойдор 2018-2028"-ро ки дар 6 то 9 июн дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд иқдоми муҳим хонд, ки ҳадафи он тасриъ дар раванди иҷроӣ таъаҳудоти кишварҳо ва созмонҳои марбутаи байналмиллалӣ ва минтақави мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: Бар асоси таҳлилҳои анҷом шуда алорағми талошҳои мутаъадид аз дастёби ба ҳадафҳои тавсеаи пойдор ба вижа дар ҳавзаи об бисёр ақиб ҳастем ва барои таҳаққуқи ин ҳадафҳо ниёз ба масъулият ва иқдомоти ҷадид дорем.

Вай дувумин ҳамоиши байналмиллалӣ об дар Душанберо ба унвони иқдоми калиди дар ҷиҳати омодагӣ ба канфронси оби Созмони Миллал дар соли 2003 донист, ки ба мавзуъи таъомул дар заминаи манофеъи об ва тағироти иқлоимӣ ихтисос хоҳад ёфт.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикисон таъкид кард: Конфронси оби Созмони Миллал дар соли оянда бо раёсати муштакари Тоҷикистон ва Ҳоланд баргузор хоҳад шуд, ки зимни он ба таври хос рӯи вобастагӣ мутақобили об ва иқлим тамаркуз хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд кишварад борҳо аз минбарҳои баланди ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар бораи раванди зуби сареъ пиряхҳо ва паёмадҳои манфии он суҳбат карда аст, ки ин мавзуъ дар воқеъ бисёр муҳим мебошад зеро пиряхҳо манбаъи аслии оби ширин буда ва таҳти таъсири гармоиши ҷаҳонӣ ба суръат дар ҳоли коҳиш қарор гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: Манобеъи об дар тавсеаи пойдори Тоҷикистон нақши калиди доранд ва 98 дарсади барқи кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи оби тавлид мешавад, ки таҷдидпазири ва ба лиҳози экалогӣ пок мебошад. Бар асоси назари коршиносон се то панҷ соли ахир гармтарин фосила дар кулли давраи расадҳои ҳавошиносӣ дар ҷаҳон буда аст бадеҳи аст, ки бо таваҷуҳ ба афзоиши сареъи тақозои об бино бар рушди ҷамъият ва тавсеаи иқтисодӣ идомаи ин раванд паёмадҳои манфӣ дар пай хоҳад дошт ба ин далел лозим аст ҳаллу фасли ин масъалаи муҳим дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор гирад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикисон бо ишра ба гузоришҳои ниҳодҳои байналмиллалӣ дар мавриди вазъияти уқёнсҳо ва обҳои яхзадаи рӯи замин, ки эҳтимоли аз байни рафтани як севвуми пиряхҳои ҷаҳонро пешбини мекунад, таъкид кард: Дар Тоҷикистон танҳо дар чанд даҳҳаи ахир беш аз як ҳазор пиряхҳо об шуда аст, ки тақрибан як севвуми пиряхҳои кишварро ташкил медиҳад. Ин мавзуъ бо вазъи таъмини об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муртабит мебошад чуночи дар даҳҳаи 1960 қарни гузашта таъмини саронаи об дар минтақаи солона беш аз ҳашт ҳазор метри мукааб буд, пас имрӯз ин рақам беш аз чор баробар коҳиш ёфта аст.

Ба гуфтаи вай афзоиши сареъи ҷамъияти минтақа, ки ҳудуди 90 миллион нафар расида аст аз дигар авомили таъсиргузор дар ин замина мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзуъ инҷониб дар нахустин нишасти раҳбарони эътилофи об ва иқлим дар моҳи марти соли гузашта пешниҳод карда будам то соли 2025 соли байналмиллалӣ ҳифзи пиряхҳо эълом шавад ба ин манзур мо дар тамоми сатҳҳо ин мавзуъро дар дасти пайгири қарор додаем.

Вай таъкид кард, ки Душанбе алоқаманди баҳрабардори аз манобеъи саршори обии кишвараш ба нафъи ҳамаи миллатҳои минтақа мебошад зероҳ баҳрабардории матлуб дар ин замина метавонад фурсатҳои бисёр зиёди шуғлиро фароҳам кунад ва мушкили камбуди об дар сатҳи минтақарор коҳиш диҳад.

Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои мухталиф ва ҳамчунин созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ суханрони ва бар зарурияти иттихози иқдомоти муштарак дар заминаи коҳиши паёмадҳои номатлуби иқлимӣ ва об ва ҳавоӣ таъкид карданд.