Ба 9 соли маҳкӯмияти қаблии Иззат Амон 6 соли дигар изофа шуд
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба 9 соли маҳкӯмияти қаблии Иззат Амон, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик 6 сол дигар изофа кард.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин ҳукм бар асоси иттиҳоми ҷадид алайҳи вай ба унвони қаллобии молӣ содир шудааст.
Додгоҳи шаҳри Душанбе қаблан Иззат Амонро ба иттиҳом қаллобӣ дар Русия аз коргорони муҳоҷири тоҷик барои кумак ба озодии бастагони онон аз зиндонҳои ин кишвар ба 9 сол зиндон маҳкӯм карда буд.
Дар моҳи марти соли 2021 додгоҳи шаҳри Маскав бо судури ҳукмӣ, гузарномаи русии Иззат Амонро лағв ва ӯро бар асоси банди 18 қонӯни кайфарии Русия марбӯт ба нақзи қавонин кор ва зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохт ҷаримаи молии вострдод ба Тоҷикистон маҳкӯм кард.
Вай аз соли 1996 бо дарёфти тобеияти Русия дар ин кишвар кору зиндагӣ мекард.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ алайҳи ин шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми қаллобӣ парвандаи қазоӣ ташкил дод ва ба маҳзи вуруд ба Душанбе боздошт шуд.