Июн 07, 2022 12:24 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷарима ва озод кард

Бар асоси ҳукми додгоҳи ноҳияи Лайлак дар вилояти Ботканди Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми убури ғайри қонунии марз ба пардохти ҷаримаи молӣ, маҳкӯм ва озод шуданд.

Ба гузориши сомонаи нашрияи Тоҷикистон, ин афрод ҳар як бо пардохти 7 ҳазор сомонӣ, ҷаримаи молӣ аз боздошт озод ва ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мунтақил шудаанд.

Гуфта мешавад, ки онон ҳар субҳ барои кор ба маъдани ангиштсанг шаҳри Сукултаи Қирғизистон мерафтаанд ва шомгоҳ ба маҳали иқомоти хеш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бармегаштанд, ки дар таърихи 13 майи соли ҷорӣ аз сӯи марзбонони қирғизӣ ба иттиҳоми убури ғайр қонунии марз боздошт шудаанд.

Тайи як соли ахир ва дар пайи баста шудани марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон теъдоде аз шаҳрвандони ду кишвар ба иттиҳоми вуруди ғайри муҷоз боздошт ва ба зиндон маҳкӯм шудаанд.

 

Барчасп