Поёни кори ҷашнвораи “Диёри ҳусн” дар Душанбе
10-умин намоишгоҳи фарҳангии либосҳои миллии мардумони Осиёи Марказӣ мавсум ба “Диёри ҳусн” рузи 27-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ба поён расид.
Шаҳло Набизода-раиси бахши кор бо занон ва хонаводаи ҳукумати шаҳри Душанбе дар маросими ихтитомияи ин ҷашнвора гуфт, ки «Намоишгоҳи мазкур барои ҷалби ҷавонон ба ҳунари миллӣ, тарғиби либоси миллии тоҷикӣ ва ба ин васила ба насли оянда мерос гузоштани он мусоидат менамояд.”
Дар ин намойишгоҳ барои аввалин бор гуруҳи калоне аз ҳунармандони маъруфи саноеи дастии Узбекистон низ ширкат доштанд.
Мукаррама Қаюмова, раҳбари Анҷумани ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва мубтакири ҷашнвораи “Диёри ҳусн” дар шаҳри Душанбе ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвораро таблиғи дӯстиву ҳамгироӣ дар миёни кишварҳои минтақа арзёби кард.
Хадича Раҳимбердиева –аз ҳунармандони узбекистони зимни хушҳолӣ аз ширкати худ дар ҷашвораи ҳунарҳои саноеи дастӣ дар Душанбе изҳори умедворӣ кард, ки равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон равнақ ёфта ва заминаи мубодилаи ҳунармандони саноеи дастӣ низ бештар фароҳам шавад.
Гуфтанист дар ҷашнвораи се рузаи ҳунарҳои дастии мавсум ба Диёри ҳусн дар шаҳри Душанбе ҳудуди сад ҳунарманд аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ширкат ва тавлидоти худро ба мардуми тоҷик муаррифӣ карданд. Бозорёбии тавлидоти ҳунарҳои дастии Осиёи Марказӣ аз дигар аҳдофи намойишгоҳи ҳунарҳои дастии кишварҳои минтақа дар пойтахти Тоҷикистон буд. Намойишгоҳи ҳунарии Диёри ҳусн ҳамасола дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.