Оғози омӯзиши 500 низомии тоҷик аз сӯи мурабиёни рус
(last modified Tue, 07 Jun 2022 14:06:23 GMT )
Июн 07, 2022 19:06 Asia/Dushanbe
  • Оғози омӯзиши 500 низомии тоҷик аз сӯи мурабиёни рус
    Оғози омӯзиши 500 низомии тоҷик аз сӯи мурабиёни рус

Мурабиёни руси пойгоҳи 201 мустақар дар атрофи Душанбе омӯзиши 500 низомии тоҷикистониро оғоз карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасс, ин матлабро фармондеҳи ҳавзаи марказии низомии Русия, ки пойгоҳи 201 мустақа дар Тоҷикистон тобеъи ин ҳавза мебошад, эълом кард.

Бар асоси ин барнома 60 рӯз дар ду маркази омӯзишии Лоҳур ва Сунбула дар қаламрави Тоҷикистон низомиёни тоҷик дар 14 риштаи низомӣ аз сӯи мурабиёни рус фанҳои истифода аз таҷҳизоти мухталифро ёд мегиранд, аз ҷумла ба низомиёни тоҷки тарзи мудирияти танки ти-72 мошинҳои низоми ва оташбор "Грод"-ро омӯзиш дода мешавад.

Фармондеҳи ҳавзаи маркази низомии Русия эълом кард, ки аз соли 2015 то кунун ба беш аз 6 ҳазор низомии тоҷик фанҳои истифода аз анвоъи силоҳҳои низомиро омӯзиш дода аст.

Пойгоҳи низомии 201 артиши Русия мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин маркази низомии нерӯҳои заминии ин кишвар дар хориҷ мебошад.