Июн 07, 2022 21:42 Asia/Dushanbe
  • Олими риёзидони тоҷик барандаи ҷоизаи и ИДМ шуд

риёзидон тоҷик барандаи ҷоизаи и созмони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил шуд.

Шаҳбозов ин ҷоизаро барои соли 2021 соҳиб шудааст. Имсол барои ин ҷоиза 12 номзад аз 8 кишвари ИДМ довталаб будаанд. 

Дар гузашта донишмандони шинохтаи тоҷик мисли академикҳо Раҳим Масов ва Пӯлод Бобоҷонов ҳам ин ҷоизаро соҳиб шуда буданд. 

Маблағи ҷоиза 2 миллион рубл аст, ки дар ҳоли ҳозир баробар ба $32 276 доллар мебошад. Гуфта мешавад маросими супурдани ҷоизаҳо моҳи декабри соли 2022 дар Тошканд дар доираи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмӣ баргузор мешавад.

Мерганд Шаҳбозов аз олимони саршиноси риёзидони Тоҷикистон буда, дар гузашта муовини раиси порлумони Тоҷикистон буд.