Афзоиши теъдоди парвозҳои Душанбе – Теҳрон
(last modified Mon, 13 Jun 2022 05:45:43 GMT )
Июн 13, 2022 10:45 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди парвозҳои Душанбе – Теҳрон

Теъдоди парвозҳои мустақими Душанбе – Теҳрон аз 13 июн афзоиш меёбад.

Дар ҳоли ҳозир ду парвоз дар ҳафта дар ин масир анҷом мешавад, ки бар асоси барномарезиҳо ин теъдод то 4 парвоз дар ҳафта афзоиш хоҳад ёфт. Дар ибтидо ин парвозҳоро ширкати ҳавопаймоии “Эрон - Эйр” анҷом хоҳад дод, аммо дар оянда ширкати “Сомон Эйр” – и Тоҷикистон низ теъдоде аз ин парвозҳоро анҷом медиҳад.