Июн 13, 2022 12:34 Asia/Dushanbe
  • Суботи Афғонистон барои тақвияти равобит байни Тоҷикистон ва Покистон зарурӣ аст

Сафири Тоҷикистон дар Покистон гуфт, Афғонистон занҷираи иттисоли Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст ва бидуни суботи Афғонистон тақвияти равобит байни Тоҷикистон ва Покистон мумкин нест.

Исматуллоҳ Насриддин, сафири Тоҷикистон дар Исломобод изҳор дошт, ки Покистону Тоҷикистони тамоюли муштараке барои эҷоди сулҳу субот дар Афғонистон ба манзури баҳрамандӣ аз иртиботи минтақаӣ доранд.

Насриддин гуфт, Исломобод нақши калидӣ дар эҷоди шароити мусоид ифо мекунад, ки метавонад вазъиятро дар Афғонистон тасбит кунад. Вай ҳамчунин таъкид кард, Тоҷикистон низ аз зарфияти Исломобод барои кумак ба ин талошҳо дар Афғонистон истифода мекунад.

Сафири Тоҷикистон дар Исломобод бо номидани Афғонистон ба унвони занҷираи иттисоли байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ изҳор дошт, бидуни субот дар Афғонистон, ҳеҷ пешрафте дар афзоиши пайванд байни Тоҷикистону Покистон вуҷуд нахоҳад дошт.

Вай бо таъкид бар лузуми эҷоди давлати фарогир дар Афғонистон ҳам афзуд: Ҳама бояд барои ташкили як давлати фарогир дар Афғонистон талош кунем то мардум аз ҳар қавмият ҷомеъае амн барои сулҳу рифоҳ дар он кишвар дошта бошанд.

Насриддин дар бораи нақши Чин дар Афғонистон низ гуфт: Пекин як қудрати бузург дар минтақа аст, ки манофеи худро дар Афғонистон дорад ва мо барои ёфтани роҳи ҳал барои масоили Афғонистон бо ҳам кор мекунем.

 

Барчасп