23 парвози ширкати «Сомон Эйр» барои интиқоли зоирони тоҷик ба ҳаҷ
(last modified Tue, 14 Jun 2022 03:26:01 GMT )
Июн 14, 2022 08:26 Asia/Dushanbe
  • 23 парвози ширкати «Сомон Эйр» барои интиқоли зоирони тоҷик ба ҳаҷ

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» эълом кард, ки барои интиқоли зоирони тоҷик ба сарзамини ваҳӣ, 23 парвоз анҷом хоҳад дод.

Ба гузориши сомонаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», барои анҷоми маросими ҳаҷи имсол беш аз 3 ҳазор нафар аз зоирони тоҷик эъзом мешаванд, ки нахустин гурӯҳи онон 20 июн ба Арабистон парвоз мекунанд.

Кумитаи давлатии умӯри дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон аз гарон шудани ҳазинаи сафари ҳаҷ дар ин кишвар дар соли ҷорӣ хабар дод. Акнӯн ҳазинаи сафари ҳаҷ дар муқоиса бо солҳои қабл бо 35 дарсад афзоиш ба 5 ҳазору 350 доллар расидааст.

Ҳол он ки қабл аз замони густариши вируси корона дар Тоҷикистон ин шохис 3 ҳазору 700 доллар буд.

Дар соли 2019 беш аз 6 ҳазор нафар аз атбои Тоҷикистон маносики ҳаҷро анҷом доданд, ки имсол ин саҳмия 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бар асоси муқаррароти Кумитаи давлатии умури дин танҳо афроди 40 то 65 сол, ки воксани корона дарёфт кардаанд, метавонанд ба сафари ҳаҷ раванд.