Эъломи се риштаи пуртарафдор дар озмуни саросарии марказҳои омӯзишии Тоҷикистон
Муовини Маркази миллии тестии Тоҷикистон се риштаи пуртарафдор барои довталабони вуруд ба донишгоҳҳо, омӯзишгоҳҳо ва марокизи фаннӣ ва ҳирфаиро эълом кард.
Ба гузориши сомонаи «Ховар», Абдулвосит Шодиниё гуфт, бештари довталабони вуруд ба марокизи донишгоҳӣ дар риштаҳои пизишкӣ, ҳуқуқ ва ҷомеашиносӣ сабти ном кардаанд.
Вай таъкид кард, дар соли ҷорӣ теъдоди довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон коҳиш ёфта, аммо афроде, ки қасди идомаи таҳсил дар омӯзишгоҳҳо ва марокизи фаннӣ ва ҳирфаии ин кишварро доранд, бештар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар соли 2021 низ теъдоди довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дар муқоиса бо соли қабл 12 дарсад коҳиш ёфта буд.
Марҳилаи нахусти озмуни саросарии вуруд ба донишгоҳҳо, омӯзишгоҳҳо ва марокизи фаннӣ ва ҳирфаии Тоҷикистон дар шаҳрҳои бузурги кишвар 30 июни соли ҷорӣ ба поён мерасад.
Аммо барои ононе ки дар ин марҳала муваффақ ба ҳузур дар озмун нашудаанд, 12 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе озмун баргузор мешавад.