Июн 17, 2022 19:38 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории муассисоти тандурустии Тоҷикистон ва Эрон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ройзании муовини аввали ин вазоратхона бо ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад хабар дод.

Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба сурати маҷозӣ бо ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳади Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Тибқи ин гузориш, дар ин дидор, ки дар чорчӯби гуфтугӯи қаблии Ҷамолиддин Абдуллоҳзода, вазири тандурустии Тоҷикистон бо Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе сурат гирифт, масоили марбут ба ҳамкорӣ, табодули таҷрибиёти мутахассисон, баргузории давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддату баландмуддат барои мутахассисони тоҷик дар Эрон, баргузории давраҳои омӯзишӣ тавассути мутахассисони барҷастаи пизишкии эронӣ барои мутахассисони тоҷик дар дохили кишвар ва ба таври куллӣ ҳамкории муассисоти пизишкии ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Муовини аввали Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар суханоне ба намояндагӣ аз раёсати ин вазоратхона аз кишвари дӯст ва ҳамзабони Эрон бобати ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар заминаи беҳдошт қадрдонӣ ва ин дидорро фурсати муносибе барои ройзанӣ ва гуфтугӯ дар ҷиҳати рушду ҳамкории ду кишвар дар заминаи беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ арзёбӣ кард.

Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад яке аз бузургтарину муътабартарин донишгоҳҳои Ховари Миёна ба шумор меравад.

 

Барчасп