Июн 18, 2022 10:54 Asia/Dushanbe
  • Зиндони абад барои як тоҷик дар Русия

Додгоҳи Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият даргурӯҳи террористии ДИИШ ва омодасозии тарҳи чанд амалиёти тахрибкорона ба зиндони абад маҳкӯм кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар ҳукми ин додгоҳ таъкид шудааст, ки Тоҷиддин Назаров мулаққаб ба Абӯ Усома ал Норакӣ аз соли 2014 дар Сурия дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ фаъолият карда ва дар соли 2016 иқдом ба таъсиси шохаи ин гурӯҳ дар дохили Русия намудааст.

Вай тарҳи чанд амалиёти тахрибкорона, аз ҷумла инфиҷор дар наздикии Кохи Кремл ва бинои Хадамоти амнияти федероли ин кишварро омода карда буд, ки қабл аз амалисозии ин иқдомот боздошт шуд.

Вай ҳамчунин муттаҳам ба созмондиҳии чанд амалиёти террористӣ дар шабакаи ҳамлу нақли Русия дар шаҳрҳои Санкт Петербург, Маскав ва Новосибирск мебошад. Гуфта мешавад, ки вай дар соли 2019 дар Сурия боздошт ва ба Русия истирдод шудааст.

 

Барчасп