Изҳори назари Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои амалиёти низомӣ дар вилояти Бадахшон
(last modified 2022-06-20T06:19:16+00:00 )
Июн 20, 2022 11:19 Asia/Dushanbe
  • Изҳори назари Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои амалиёти низомӣ дар вилояти Бадахшон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти низомӣ дар Бадахшонро танҳо роҳи барқарории амният унвон кард.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, Эмомалӣ Раҳмон дар поёни сафари худ ба вилояти Хатлон, дар дидор бо масъулон ва намояндагони ин минтақа, ки дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, барои нахустин бор дидгоҳи худро дар бораи ҳаводиси вилояти Бадахшон баён кард.

Ӯ бо муттаҳам кардани гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба талош барои ноамн кардани ин минтақа гуфт, бо сарони ин созмонҳо 15 бор дидор ва аз онон дархост карда буд, ки ба зиндагии мусолиматомез баргарданд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд: Аммо ин талошҳо натиҷа надошт ва ин гуруҳҳо бо дарёфти манобеи молӣ аз хориҷ ва бастани роҳи байналмилалӣ дар вилояти Бадахшон, муҷиби муҳосираи 220 ҳазор нафар аз ҷамъияти ин минтақаи кӯҳистонӣ ва афзоиши бесобиқаи қимати маводи ғизоӣ шуданд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, аз ин рӯ ба ғайр аз иқдоми низомӣ алайҳи ин гуруҳҳо роҳи дигари барқарории амният дар Бадахшон вуҷуд надошт.

Чанд рӯз қабл Ситоди вижаи таъмини амнияту назми умумӣ дар вилояти Бадахшон эълом кард, ки ба фаъолияти гуруҳҳои террористии созмонёфта дар ин минтақа ба таври комил поён дода шуд. Дар амалиёти вижа дар маҷмуъ 220 нафар боздошт ва алайҳи 53 нафар парвандаи ҷиноӣ ташкил шуд ва 16 нафар низ кушта шуданд.