Ройзании мақомоти Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд
(last modified Tue, 21 Jun 2022 04:09:25 GMT )
Июн 21, 2022 09:09 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва раиси намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд тақвияти ҳамкорӣ байни ду тараф баррасӣ шуд.

Дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва хонум Рика Ишии, раиси намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ҳамкории Душанбе ва ин созмони молии байналмилалӣ, баррасӣ шуд.

Дар вохурӣ ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.