Ҳаракати қатораҳо миёни Душанбе ва Тошканд азсар гирфта шуд
(last modified Tue, 21 Jun 2022 08:19:07 GMT )
Июн 21, 2022 13:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳаракати қатораҳо миёни Душанбе ва Тошканд азсар гирфта шуд

Бо  вуруди нахустин қатори мусофирбарӣ аз Тошканд, пойтахти Узбекистон ба шаҳри Душанбе ҳаракати қатораҳо миёни ду кишвар пас аз 32 сол аз сар гирфта шуд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, рӯзи 20 июни соли ҷорӣ ҳаракати қатораҳо миёни ин ду кишвар аз сар гирифта шуд, ки ҳарҳафта як бор рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе мусофиронро дар масири Душанбе – Тошканд ва бараъкс ҷо ба ҷо хоҳад кард.

Замони расидани мусофирон дар ин масири 916 километрӣ 21 соат мебошад. 

Нархи билет барои ҳар мусофир 373 сомонӣ таъйин шудааст.

Тавофуқ дар бораи дубора роҳандозӣ намудани ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни пойтахти кишварҳо зимни вохӯрии сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аввали моҳи июн дар шаҳри Тошканд ҳосил шуда буд.