Июн 26, 2022 11:44 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мизони парвариши мурғу моҳӣ дар Тоҷикистон

Парвариши мурғу моҳӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ожонси омори Тоҷикистон,таии панҷ моҳи аввали соли 2022 тавлиди тухми мурғ ва парвариши мурғу моҳӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст .
Дар Тоҷикистон аз ибтидои соли 2022 ҳудуди 17.7 ҳазор тон гушти мурғ тавлид шуда, ки 23.3 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст .
Афзоиши тавлиди гӯшти мурғ дар Хатлони 27.2 дарсад ва Суғд 22.2 дарсад будааст .
Тавлиди тухми мурғ низ дар панҷ моҳи нахусти имсол ба 487.5 миллион адад расида ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 27.1 дарсад афзоиш доштааст .
Ҳамчунин дар Тоҷикистон таи 5 моҳи аввали имсол 1043 тон моҳӣ парвариш ёфта, ки 33.1 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли 2021 аст .
Дар ин муддат бештарин мизони тавлиди моҳӣ дар Хатлон ба мизони 708 тон буда, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 47 дарсад афзоиш доштааст .
Илова бар ин 58000 тон гушт ва ҳудуди 298000 тон шир дар ин давра дар Тоҷикистон тавлид шуда, ки 2 то 3 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли 2021 аст .

 

Барчасп