Омодагии ЮНЕСКО барои тақвияти омӯзиш дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 03 Jul 2022 06:21:16 GMT )
Июл 03, 2022 11:21 Asia/Dushanbe
  • Омодагии ЮНЕСКО барои тақвияти омӯзиш дар Тоҷикистон

ЮНЕСКО омодаи кумак ба тавсеаи омӯзиш дар Тоҷикистон аст .

Дар ин нишаст масоили марбут ба мушорикати ҳайати Тоҷикистон дар иҷлоси муъорифаи вузарони омӯзишу парвариши кишварҳои ҷаҳон ва тавсеаи бахши омӯзишии Тоҷикистон баҳсу баррасӣ шуд .
Раҳими Саъидзода дар ин гуфтугӯ тавзеҳоте аз ҳимоятҳои мустамари раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар бахши омӯзиш дар солҳои пас аз истиқлол ироа кард.
Вай хотирнишон кард : Вазорати омӯзишу парвариш омодагӣ дорад, то тамоми иқдомоти муфидро барои тавсеаи омузиш анҷом диҳад .
Тамара Расствак Сиавишвили низ дар ин мулоқот баён кард : Ширкат дар ин иҷлос фурсати муносиб барои ошноӣ бо раванди таҳаввули ҳавзаи омӯзиш дар ҷаҳон ва ироаи таҷрибиёти Тоҷикистон дар ин росто аст .
Тамара Расствак Сиавишвили бо ибрози хурсандӣ аз дидори худ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки аз ҳамаи ибтикороти Тоҷикистон ҳимоят мекунад ва омодааст то дар тавсеаи омӯзиш дар Тоҷикистон дар ҳар ҷиҳат кумак кунад .