Афғонистон то ҳол қарзи воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистонро пардохт накардааст
(last modified Wed, 13 Jul 2022 06:54:49 GMT )
Июл 13, 2022 11:54 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон то ҳол қарзи воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистонро пардохт накардааст

Мудири ширкати давлатии барқи Тоҷикистон эълом кард, ки Афғонистон то ҳол қарзи воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистонро пардохт накардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо истинод ба сомонаи “Тоҷвек”, Муҳаммадумар Асозода рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҳоло ҳар шаб аз Тоҷикистон ба Афғонистон 9 миллион киловат соат нерӯи барқ ​​интиқол дода мешавад.

Вай таъкид кард, ки дар авоили соли ҷорӣ қарзи Афғонистон аз Тоҷикистон барои нерӯи барқ ​​33 миллион доллар буд, ки ҳоло то 30 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Бар асоси тавофуқномаи дуҷониба Тоҷикистон муваззаф шудааст, то соли 2028 қимати ҳар киловатт/соъат нерӯи барқи содиротӣ ба Афғонистонро, ки ҳоло 4,60 сент аст, боло набарад.

Гуфта мешавад, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон 336 миллион киловатт соат нерӯи барқ ​​бо арзиши молии 56 миллион доллар содир шудааст.