Коҳиши 7 дарсадии издивоҷ дар Тоҷикистон
Вазири адлияи Тоҷикистон мегуяд мизони издивоҷ дар 6 моҳи имсол инбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 7 дарсад коҳиш дошта аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Музафар Ашуриён афзуд: Дар шашмоҳи имсол 30266 издивоҷ дар Тоҷикистон сабт шуда аст.
Ӯ гуфт: дар шаш моҳи имсол 7 ҳазору 265 талоқ сабт шуд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 789 нафар муъодили 12 дарсад афзоиш дошта аст.
Масъулони идораи сабти аҳволи Вазорати адлияи Тоҷикистон низ эълом карданд дар ин муддат 111.5 ҳазор кӯдад дар кишвар мутаввалид шуд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 6 дарсад афзоиш дошта аст.
Ин мизон дар шашмоҳи аввали соли гузашта 104 ҳазору 141 нафар буд.
Ба гуфтаи ин манбаъ дар ин муддат 16.3 ҳазор нафар дар киштвар фавт карданд, ки 5 дарсад нисбат ба 6 моҳи аввали соли 2021 коҳиш дошта аст.